Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ
| Санаи таваллуд | 1921 мелодӣ |
|---|---|
| Зодгоҳ | Машҳад |
| Санаи вафот | 17 ноябри 2026 |
| Шаҳри вафот | Қум |
| Хешовандон | Содиқ Омулии Лориҷонӣ (домод) |
| Устодон | Мирзо Маҳдӣ Исфаҳонӣ • Мирзо Маҳдӣ Оштиёнӣ • Сайид Абдулҳодӣ Шерозӣ • Сайид Муҳсин Ҳаким • Сайид Абулқосим Хуӣ |
| Шогирдон | Муҳаммадмаҳдӣ Шабзиндадор • Сайид Муҳаммадризо Мударрисӣ Яздӣ • Сайид Алӣ Милонӣ • Содиқи Омулӣ Лориҷонӣ |
| Маҳалли таҳсил | Нишопур • Машҳад • Наҷаф |
| Иҷозати иҷтиҳод аз | Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷат Кӯҳкамараӣ |
| Таълифот | Тавзеҳ-ул-масоил • Шарҳ бар Шароиъ-ул-ислом • Ҳошия бар Макосиб-ул-муҳаррама • Ҳошия бар Урват-ул-вусқо, Ошноӣ бо усули дин ва ғайра |
| Вебгоҳи расмӣ | سایت رسمی دفتر آیتالله وحید خراسانی (Сайти расмии дафтари Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ) |
Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ (форсӣ: حسین وحید خراسانی) марҷаи тақлиди шиа, сокини шаҳри Қум, яке аз шогирдони Сайид Абулқосим Хуӣ ва аз устодони машҳури фиқҳ ва усул дар ҳавзаи илмияи Қум буд. Дарси хориҷи ӯ, аз пурравнақтарин дарсҳои Ҳавзаи илмияи Қум ба шумор мерафт.
Ваҳиди Хуросонӣ бар таъзими шаоири динӣ ва барпою тарвиҷи азодорӣ барои Аҳли Байт (а) таъкид дошт. Ӯ бахусус дар тарвиҷи азодории айёми Фотимия таъсиргузор буд ва илова бар азодорӣ дар муҳаррам ва сафар, бар баргузории маросими сӯгворӣ дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотима (а), Имом Алӣ (а) ва Имом Содиқ (а) низ таъкид мекард ва дар дастаи азодории ин муносибатҳо ҳузур меёфт.
Ӯ аз шогирдони Сайид Абулқосим Хуӣ ва Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ буд ва бо фалсафа мухолифат дошт ва ба ҷои он, ба фарогирии маорифи Қуръон ва ривоёт таъкид мекард.
Ваҳиди Хуросонӣ муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва марказҳои хизматрасонии зиёде ҳамчун Пажӯҳишгоҳи улум ва маорифи исломии Хотам-ун-набийин (с), Мадрасаи фиқҳии Имом Боқир-ул-улум (а), Муассисаи эҳёи амри ҳазрати Амирулмуъминин (а) ва Мадрасаи нақд ва фирақи адён таъсис кардааст.
Зиндагонии илмӣ
Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ дар соли 1921 дар шаҳри Машҳад ба дунё омад.[1] Баъзе манбаъҳо Нишопурро маҳалли таваллуди ӯ навиштаанд.[2] Санаи таваллуди ӯ 1920, 1921[3] ва 1 январи 1921[4] низ гуфта шудааст. Ӯ дар 17 ноябри 2026 даргузашт.[5]
Ӯ адабиёти арабро назди Шайх Муҳаммадтақии Нишопурӣ фаро гирифт ва дарсҳои давраи сатҳро аз устодоне монанди Шайх Муҳаммади Наҳовандӣ ва Оқобузург Ашрафии Шоҳрудӣ ва Мирзо Аҳмади Кифоӣ омӯхт.[6] Сипас дар дарси хориҷи фиқҳи Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ, Мирзо Маҳдии Оштиёнӣ ва Ҳошим Қазвинӣ ширкат кард.[7]
Ӯ дар соли 1948, пас аз гуфтугӯи илмӣ бо Сайид Муҳаммад Ҳуҷҷати Кӯҳкамараӣ дар шаҳри Рай, аз ӯ иҷозати иҷтиҳод гирифт.[8] Ӯ дар 27-солагӣ ба Наҷаф рафт ва дар дарсҳои Сайид Абдулҳодӣ Шерозӣ, Сайид Муҳсин Ҳаким ва бахусус Сайид Абулқосим Хуӣ ширкат кард.[9] Нақл шуда Ваҳиди Хуросонӣ ду давраи дарси хориҷи усули фиқҳро назди Оятуллоҳ Хуӣ хондааст.[10] Сайид Маҳмуд Ҳусайнии Шоҳрӯдӣ (ваф.1363ҳ.ш.) ва Сайид Муҳаммадҳодӣ Милониро аз дигар устодони ӯ ном бурдаанд.[11]
Ваҳиди Хуросонӣ фалсафаро аз Мирзо Абулқосим Илоҳӣ ва Мирзо Маҳдии Оштиёнӣ омӯхт.[12] Шайх Муҷтабои Қазвинӣ, Садро Бодкуба ва Муҳаммадтақии Омулӣ аз дигар устодони фалсафаи ӯ шумурда шудаанд.[13]
Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ дарси хориҷи худро аз соли 1958 оғоз кард; пас аз дувоздаҳ сол тадрис дар Наҷаф, дар соли 1970 ба Эрон бозгашт ва бо исрори толибилмон ва уламои Машҳад як сол дар он ҷо тадрис кард ва сипас барои тадриси улуми ҳавзавӣ ба шаҳри Қум муҳоҷират кард.[14] Дарсҳои хориҷи фиқҳ ва усули Ваҳиди Хуросонӣ аз пурравнақтарин дарсҳои Ҳавзаи илмияи Қум шумурда шудааст.[15] Шогирдони ӯ то ҳазор нафар низ гуфта шудааст.[16] Дар китоби Ганҷинаи донишмандон, шогирдони ӯ дар даҳаи аввали солҳои 1970 беш аз сад нафар гуфта шудааст.[17] Тадриси ӯ аз соли 2018 ба иллати беморӣ ва боло будани синну сол таътил шудааст.[18]

Баъзе аз шогирдони ӯ иборатанд аз:
- Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
- Муҳаммадмаҳдӣ Шабзиндадор[19]
- Сайид Алӣ Милонӣ
- Сайид Муҳаммадризо Мударрисии Яздӣ[20]
- Сайид Муҳаммадкозим Мударрисии Яздӣ[21]
- Сайид Муҳаммадҷавод Алавии Буруҷердӣ
- Мир Сайид Муҳаммад Ясрибӣ
- Муҳсин Ваҳиди Хуросонӣ (фарзандаш)
- Содиқ Омулии Лориҷонӣ (шогирд ва домодаш).[22]
Дар пойгоҳи расмии дафтари Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ, дар бораи зиндагонии ӯ, ба ин ҷумла аз ӯ басанда шудааст: «Ҷуз қусур ва тақсир чизе надорам».[23] Гуфта мешавад ӯ дар давраи ҷанги Эрон ва Ироқ дар ҷабҳаҳо ҳузур дошт.[24] Оятуллоҳ Ваҳид дар давраи ҷавонӣ аҳли минбар ва хитоба буд ва аз минбариёни машҳур ба шумор мерафт.[25]
Марҷаият
Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум дар соли 1994, пас аз даргузашти Муҳаммадалӣ Арокӣ, ҳафт тан аз мароҷеи тақлидро ба унвони касоне, ки тақлид аз онҳо ҷоиз аст, муаррифӣ кард, ки Ваҳиди Хуросонӣ яке аз онҳо буд.[26]
Таълифот

Осори зиёде аз Ваҳиди Хуросонӣ мунташир шуда, ки баъзе таълифи ӯ ва баъзе тақрироти дарс ва баъзе низ баргирифта аз суханони ӯст. Ошноӣ бо усули дин, Тавзеҳ-ул-масоил, Шарҳ бар Шароиъ-ул-ислом, Ҳошияе бар Кифоя, Ҳошияе бар Макосиб-ул-муҳаррама ва Ҳошия бар Урват-ул-вусқо, Аҳкоми муҳоҷирон, Маносики ҳаҷ, Ҳалқаи пайванди рисолат ва имомат, Ба ёди аввал мазлуми рӯзгор, Райҳонаи расулуллоҳ, Ба ёди он ки мазҳаби ҳақ ёдгори ӯст, Ба ёди бизъаи хотамуланбиё дар Тус ҳазрати Шамсушшумус, Ба ёди охирин халифа ва ҳуҷҷати Парвардигор, Фадак ниҳлаи хотам (с) ба духтарашон сиддиқаи кубро (а), Мисбоҳ-ул-ҳудо (4 ҷилд), Нафси нафиси хотамият, Раббонии оётиллоҳ ва мунтаҳа-л-омоли ҷамеи анбиё ва авсиё (2 ҷилд), Ҳалқаи пайванди рисолат ва имомат ва Инна ал-Ҳусайнa мисбоҳ-ул-ҳудо ва сафинат-ун-наҷот (4 ҷилд) аз ҷумлаи осори нашршудаи ӯянд.[27]
Интишороти Мадрасаи Имом Боқир-ул-улум (а) вобаста ба дафтари Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ, маҷмуаи осори ӯро чоп ва мунташир мекунад.[28]
Иқомаи шаоир ва азодории шаҳодати Аҳли Байт (а)

Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ бар таъзими шаоир, барпоӣ ва тарвиҷи азодории шаҳодати Аҳли Байт (а) таъкид дорад[29] ва дар тарвиҷи он бахусус Фотимия таъсиргузор шумурда шудааст.[30] Ӯ дар канори барпоии азодорӣ дар Муҳаррам ва Сафар, бар баргузории маросими азодорӣ дар шаҳодати ҳазрати Фотима (а), шаҳодати Имом Алӣ (а) ва Имом Содиқ (а) низ таъкид дорад.[31] Вай ҳамчунин тавсия карда, ки дар айёми шаҳодат бахусус шаҳодати ҳазрати Фотима (а), дастаҳои азодорӣ низ барпо шавад.[32] Вай ҳатто дар айёми корона низ бар барпоии азодорӣ бо риояи протоколҳои беҳдоштӣ таъкид дошт.[33]

Дар паи интишори садои мансуб ба Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ, ки дар он санади баъзе аз аҳодиси шаҳодати ҳазрати Заҳро (а)-ро дорои ишкол дониста буд, Мирзо Ҷаводи Табрезӣ бо судури баёнияе хостори роҳпаймоӣ дар солгарди шаҳодати ҳазрати Заҳро (а) шуд. Ваҳиди Хуросонӣ, Лутфуллоҳ Софӣ Гулпойгонӣ ва Муҳаммад Фозил Ланкаронӣ низ дар ин роҳпаймоӣ ширкат карданд. Аз он пас азодории шаҳодати ҳазрати Фотима (а) ба сурати пиёдаравӣ ва бо ҳузури Ваҳиди Хуросонӣ ҳар сола баргузор мешуд.[34]

Дидгоҳҳо
Гуфта шуда вай дар баҳсҳо ва муҷодилаҳои сиёсӣ ворид намешуд ва шаъни марҷаиятро фаротар аз он медонист, ҳатто дар давраи Паҳлавӣ низ чунин равише дошт.[35] Тибқи гуфтаи Муҳаммадҷавод Алавӣ Буруҷердӣ аз шогирдони Ваҳиди Хуросонӣ, вай қоил ба марҷаият ва истиқлоли ҳавзаҳо, зарурати таомули мантиқии шиаён ва аҳли суннат, вуҷуби дифоъи шиаён аз аҳли суннат дар баробари ҳамлаи куффор ва ҳурмати тазъифи низом ва амал кардан дар ҷиҳати муқобила бо он буд.[36]
Азодории Имом Ҳусайн (а)

Ваҳиди Хуросонӣ бар таъзими шаоир бахусус шаоири ҳусайнӣ таъкиди вижа дошт ва онро воҷиб медонист; аммо муътақид буд, ки аз вуруди корҳои хилоф ва бидъат дар шаоир ва азодориҳо бояд пешгирӣ шавад. Аз назари ӯ, арбадакашӣ, гуфтани ҷумлаҳое монанди «Ло илоҳа илла Фотима» ё «Ло илоҳа илла Зайнаб» ё худро ҳусайнaллоҳӣ номидан бидъат аст.[37] Вай дар суханроние, азодориҳои мардумро дар баробари азамати Ошуро ва мусибатҳои Имом Ҳусайн (а), тафрит ва кӯтоҳӣ шумурда ва муътақид буд, ки дар азодории Имом Ҳусайн (а) ифрот роҳ надорад.[38]
Ҳифзи низоми Ҷумҳурии исломии Эрон
Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ борҳо бар ҳифзи низом таъкид карда ва онро аз воҷибтарин воҷибҳо шумурдааст.[39] Вай таъкид мекард, ки ҳифзи низом аз авҷаби воҷибот барои ҳамеша аст то рӯзе, ки парчам ба дасти Имом Замон (аҷ) расад на фақат барои имрӯз, ки мо ҳастем.[40] Вай дар дидор бо раиси Маҷлиси аълои Ироқ, бар ҳифзи низоми шиаи Ироқ низ таъкид дошт.[41]
Мухолифат бо фалсафа
Тибқи гуфтаи Алавии Буруҷердӣ бо ин ки ӯ бар фалсафа ва ирфон тасаллут дорад,[42] аммо фалсафаро донише носудманд медонад ва мухолифи таҳсили он аст.[43] Ба гуфтаи вай Қуръон ва ривоёти Аҳли Байт (а) ҳамаи маорифи мавриди ниёзи инсонро дар ихтиёри ӯ қарор додаанд.[44] Ӯ ба толибони улуми динӣ тавсия мекард ба ҷои машғулшавӣ ба фалсафа, ба Қуръон ва ривоёт бипардозанд.[45]

Мухолифат бо намоиши чеҳраи ҳазрати Аббос (а)
Ваҳиди Хуросонӣ дар соли 2010 дар ҷамъи мубаллиғони ҳавзаҳои илмия, аз тасмими омилони сериали Мухторнома барои намоиши чеҳраи ҳазрати Абулфазл (а) интиқод кард.[46] Вай ҳамчунин дар соли 2015, дар посух ба пурсише дар бораи намоиши чеҳраи имомон (а) дар баъзе филмҳо, нишон додани чеҳра ва тасвири имомон (а) ва имомзодагоне ҳамчун ҳазрати Абулфазлро ҷоиз надонист.[47] Ин интиқодҳоро ба ҷиҳати ҳассосияти вай дар масоили динӣ ва ҳатто завоҳири динӣ донистаанд.[48]
Фаъолиятҳо ва муассисаҳои вобаста
Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ фаъолиятҳои зиёде дошт ва муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ва марказҳои хизматрасонии гуногуне низ таъсис кард, ки баъзе аз онҳо иборатанд аз:
- Пажӯҳишгоҳи улум ва маорифи исломии Хотам-ун-набийин (с): ин пажӯҳишгоҳ зери назари Оятуллоҳ Ваҳид дар соли 2013 ба манзури баён, нашр ва дифоъ аз маорифи Қуръон ва Аҳли Байт (а) таъсис шуд.[49] Интишороти Муассисаи таълими олии ҳавзавии Хотам-ун-набийин (с) вобаста ба ин пажӯҳишгоҳ аст.[50]
- Мадрасаи фиқҳии Имом Боқир-ул-улум (а): ин мадраса бо дастур ва ишрофи Оятуллоҳ Ваҳид ва бо ҳадафи ҷалби толибилмон дар арсаи фиқҳ ва усул ва тақвияту таъмиқи мабонии эътиқодӣ ва маҳоратҳои таблиғӣ дар соли 2005 фаъолияти худро оғоз кард.[51]
- Муассисаи эҳёи амри ҳазрати Амирулмуъминин (а): ин муассиса аз соли 2005 бо ҳадафи такрим ва дастгирӣ аз ниёзмандон дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ва бархе кишварҳо роҳандозӣ шуд.[52]
- Мавкиби Мадраса Амирулмуъминин (а): ин мавкиб дар соли 2012 дар сутуни 998 дар масири Наҷаф ба Карбало ҷиҳати хизматрасонӣ ба зоирон дар маросими арбаин ва муносибатҳои мазҳабии дигар таъсис шуд.[53]
Мадрасаи илмияи ҳазрати Фотима Заҳро (а) дар Кирмон, Мадрасаи нақд ва фирақи адён дар Машҳад, Мадрасаи илмияи Амирулмуъминин (а) дар Наҷаф ва Маркази улуми исломии Хотам-ун-набийин (с) дар Ҷакарта пойтахти Инданезия аз дигар муассисаҳо ва марказҳои вобаста ва таҳти ишрофи дафтари Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ аст.[54]
Эзоҳ
- ↑ Шариф Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, ҷ.2, саҳ.300.
- ↑ «زندگینامه آیتالله العظمی وحید خراسانی», Сомонаи Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн; «آیت الله حسین وحید خراسانی», Хабаргузории Расо.
- ↑ Толибиён Шариф, «وحید دوران», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ «زندگینامه آیت الله وحید خراسانی | آیتالله وحید خراسانی چند سال دارد؟», Сомонаи Шиа-Нюс.
- ↑ «آیتالله وحید خراسانی دار فانی را وداع گفت», Сомонаи хабарии Табнок; «ارتحال فقیه اهل بیت علیهم السلام مرجع عالیقدر جهان تشیع», Сомонаи дафтари Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ.
- ↑ Толибиён Шариф, «وحید دوران», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ Толибиён Шариф, «وحید دوران», Шабакаи иҷтиҳод; Ансорӣ Қумӣ, ал-Иқд-ун-назид, саҳ.5.
- ↑ Шариф Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, ҷ.2, саҳ.301.
- ↑ Шариф Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, ҷ.2, саҳ.301; ««زندگینامه آیتالله العظمی وحید خراسانی», Сомонаи Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
- ↑ Толибиён Шариф, «وحید دوران», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ Толибиён Шариф, «وحید دوران», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ Шариф Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, ҷ.2, саҳ.301; Ансорӣ Қумӣ, ал-Иқд-ун-назид, саҳ.5.
- ↑ Толибиён Шариф, «وحید دوران», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ Шариф Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, ҷ.2, саҳ.301; ««زندگینامه آیتالله العظمی وحید خراسانی», Сомонаи Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн.
- ↑ Сулаймония, Пул то ҷазира, саҳ.68; «آیت الله حسین وحید خراسانی», Хабаргузории Расо.
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, ал-Иқд-ун-назид, саҳ.5; «سلوک مراجع/ سید محمد واعظ موسوی: حضرت آیتالله وحید خراسانی با عمل تأکید اخلاقی خود را نشان می دهند ...», Хабаргузории Шафақно.
- ↑ Шариф Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, ҷ.2, саҳ.301.
- ↑ «آیت الله حسین وحید خراسانی», Хабаргузории Расо.
- ↑ «شبزندهدار کیست؟», Хабаргузории Форс.
- ↑ «زندگینامه حضرت حجه الاسلام والمسلمین سید محمد رضا مدرسی یزدی», Сайти Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум.
- ↑ «زندگینامه آیت الله سید محمد کاظم مدرسی», Пойгоҳи дафтари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадкозим Мударрисӣ.
- ↑ «زندگینامه آیت الله وحید خراسانی | آیتالله وحید خراسانی چند سال دارد؟», Сомонаи Шиа-Нюс.
- ↑ «درباره مرجعیت», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ.
- ↑ «نگاهی به منش اجتماعی آیتالله وحید خراسانی», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ «سلوک مراجع/ سید محمد واعظ موسوی: حضرت آیتالله وحید خراسانی با عمل تأکید اخلاقی خود را نشان می دهند ...», Хабаргузории Шафақно.
- ↑ «بیانیه مهم درباره مرجعیت پس از رحلت حضرت آیتالله العظمی اراکی», Сомонаи Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум.
- ↑ «آثار حضرت آیت الله العظمی وحید خراسانی دام ظله», Сайти расмии нашри Хотам; «بخشی از آثار و تألیفات آیت الله العظمی وحید خراسانی», Хабаргузории расмии Ҳавза.
- ↑ نمایشگاه مجموعه آثار حضرت آیت الله العظمی وحید خراسانی, Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ.
- ↑ Ниг.: «آیت الله وحید خراسانی: حفظ نظام برای همیشه اوجب واجبات است», Архиви рӯзномаи Кайҳон.
- ↑ «سلوک مراجع/ آیت الله علوی بروجردی: علم فقهی حضرت آیت الله وحید خراسانی جامع و قوی است ...», Хабаргузории Шафақно.
- ↑ «آیت الله وحید خراسانی: حفظ نظام برای همیشه اوجب واجبات است», Архиви рӯзномаи Кайҳон.
- ↑ «آیت الله وحید خراسانی: حفظ نظام برای همیشه اوجب واجبات است», Архиви рӯзномаи Кайҳон.
- ↑ «نظر آیتالله وحید درباره برگزاری مجالس عزاداری محرم در ایام کرونایی», Шабакаи иҷтиҳод; «پیام آیات صافی گلپایگانی، مکارم شیرازی و وحید خراسانی به سوگواران فاطمی», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ پایان فقیه فتواهای جنجالی, Пойгоҳи хабарии Фарорӯ.
- ↑ «نگاهی به منش اجتماعی آیتالله وحید خراسانی», Шабакаи иҷтиҳод; «سلوک مراجع/ آیت الله علوی بروجردی: علم فقهی حضرت آیت الله وحید خراسانی جامع و قوی است ...», Хабаргузории Шафақно.
- ↑ «سلوک مراجع/ آیت الله علوی بروجردی: علم فقهی حضرت آیت الله وحید خراسانی جامع و قوی است ...», Хабаргузории Шафақно.
- ↑ توضيح آيتالله وحيد درباره سوءبرداشتها, Хабаргузории Тобнок; آیت الله وحید خراسانی: در عزاداری ها، کارهای خلافی رائج شده که بدعت است, Хабаргузории Хабар-онлайн.
- ↑ حضرت آیت الله وحید خراسانی :آنچه مردم در عزاداری سیدالشهدا (ع)انجام دهند، همه تفریط است؛ در عزاداری او افراط معنا ندارد, Хабаргузории Шафақно.
- ↑ Ниг.: آیتالله العظمی وحیدخراسانی: حفظ نظام از اوجب واجبات است, Хабаргузории расмии Ҳавза; آیت الله وحید خراسانی: حفظ نظام برای همیشه اوجب واجبات است, Архиви рӯзномаи Кайҳон.
- ↑ «آیت الله وحید خراسانی: حفظ نظام برای همیشه اوجب واجبات است», Архиви рӯзномаи Кайҳон.
- ↑ آیتالله العظمی وحیدخراسانی: حفظ نظام از اوجب واجبات است, Хабаргузории расмии Ҳавза.
- ↑ Сайид Муҳаммад Ҷавод Алавии Буруҷердӣ, سخنان آیت الله علوی بروجردی در مورد استاد خود, Шиа-нюс.
- ↑ «آیتالله العظمی وحید خراسانی و نقد فلسفه و عرفان», Сайти марҷаи мо.
- ↑ «آیتالله وحید خراسانی: عاشق فلسفه بودم», Вебгоҳи Тобнок.
- ↑ «آیتالله وحید خراسانی: عاشق فلسفه بودم», Вебгоҳи Тобнок.
- ↑ «هشدار و تهدید شدیداللحن آیتالله وحید خراسانی در مورد نمایش چهره حضرت ابوالفضل در سریال مختار», Хабаргузории Хабар-онлайн.
- ↑ «واکنش مراجع عظام تقلید به اکران فیلم رستاخیز», Хабаргузории расмии Ҳавза.
- ↑ «نگاهی به منش اجتماعی آیتالله وحید خراسانی», Шабакаи иҷтиҳод.
- ↑ «درباره پژوهشگاه», Вебгоҳи Пажӯҳишгоҳи улум ва маорифи исломии Хотам-ун-набийин (с).
- ↑ «درباره ما», Сайти расмии нашри Хотам.
- ↑ «معرفی مدرسه فقهی امام باقرالعلوم علیهالسلام», Сомонаи Мадраса ал-Имом ал-Боқирулъулум (а).
- ↑ مؤسسه احیاء امر حضرت امیرالمؤمنین علیه السلام, Пойгоҳи итилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ.
- ↑ «موکب مدرسةأمیرالمؤمنین علیه السلام _ عمود998», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ.
- ↑ «مؤسسات», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ.
Сарчашма
- «مؤسسات», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ
- «موکب مدرسةأمیرالمؤمنین علیه السلام _ عمود998», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ
- «معرفی مدرسه فقهی امام باقرالعلوم علیهالسلام», Сомонаи Мадраса ал-Имом ал-Боқирулъулум (а)
- «آیت الله حسین وحید خراسانی», Хабаргузории Расо
- «آیتالله سیدمجتبی خامنهای رهبر جدید ایران کیست» (Оятуллоҳ Сайид Муҷтабои Хоманаӣ роҳбари ҷадиди Эрон кист), Вебгоҳи хабарии Тасним, санаи дарҷи матлаб: 9 марти 2026, санаи боздид: 17 ноябри 2026.
- «ارتحال فقیه اهل بیت علیهم السلام مرجع عالیقدر جهان تشیع» (Иртиҳоли фақиҳи аҳли байт алайҳиму-с-салом марҷаи олиқадри ҷаҳони ташайюъ), Вебгоҳи дафтари Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ, санаи дарҷи матлаб: 17 ноябри 2026, санаи боздид: 17 ноябри 2026.
- «آیتالله وحید خراسانی دار فانی را وداع گفت» (Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ дар фаноро вадоеъ гуфт), Вебгоҳи хабарии Табнок, санаи дарҷи матлаб: 17 ноябри 2026, санаи боздид: 17 ноябри 2026.
- «آیتالله العظمی وحیدخراسانی: حفظ نظام از اوجب واجبات است» (Оятуллоҳ-ул-Узмо Ваҳид Хуросонӣ: Ҳифзи низом аз авҷабу воҷибот аст), Хабаргузории расмии Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 4 сентябри 2012, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «آیت الله وحید خراسانی: حفظ نظام برای همیشه اوجب واجبات است» (Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ: Ҳифзи низом барои ҳамеша авҷабу воҷибот аст), Архиви рӯзномаи Кайҳон, 19 апрели 2012.
- «آیت الله وحید خراسانی؛ حفظ نظام جمهوری اسلامی از اوجب واجبات است» (Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ; Ҳифзи низоми Ҷумҳурии исломӣ аз авҷабу воҷибот аст), Пойгоҳи иттилорасонии Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 12 марти 2011, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «آیتالله العظمی وحید خراسانی و نقد فلسفه و عرفان» (Оятуллоҳ-ул-Узмо Ваҳид Хуросонӣ ва нақди фалсафа ва ирфон), Вебгоҳи марҷаъи мо, санаи дарҷи матлаб: 9 январи 2013, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «آیت الله وحید خراسانی: در عزاداری ها، کارهای خلافی رائج شده که بدعت است» (Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ: дар азодориҳо, корҳои хилофе роиҷ шуда ки бидъат аст), Хабаргузории ХабарОнлайн, санаи дарҷи матлаб: 7 декабри 2010, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «آیتالله وحید خراسانی: عاشق فلسفه بودم» (Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ: ошиқи фалсафа будам), Вебгоҳи Табнок, санаи дарҷи матлаб: 29 январи 2014, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- Ансорӣ Қумӣ, Муҳаммадризо, ал-Иқд-ун-назид; тақриротu абҳос-ул-масҷид-ил-аъзам фӣ фиқҳ-ил-уқуд ва-л-муъомилот, Қум, Дор-ут-тафсир, 1429ҳ.қ.
- «بیانیه مهم درباره مرجعیت پس از رحلت حضرت آیتالله العظمی اراکی» (Баёнияи муҳим дар бораи марҷаият пас аз риҳлати Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-Узмо Арокӣ), Вебгоҳи Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, санаи дарҷи матлаб: 18 сентябри 2007, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «توضيح آيتالله وحيد درباره سوءبرداشتها» (Тавзеҳи Оятуллоҳ Ваҳид дар бораи сӯибарадоштҳо), Хабаргузории Табнок, санаи дарҷи матлаб: 14 апрели 2008, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «حضرت آیت الله وحید خراسانی :آنچه مردم در عزاداری سیدالشهدا (ع)انجام دهند، همه تفریط است؛ در عزاداری او افراط معنا ندارد» (Ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ: он чи мардум дар азодории Сайидишшуҳадо (а) анҷом диҳанд, ҳама тафрит аст; дар азодории ӯ ифрот маъно надорад), Хабаргузории Шафақно, санаи дарҷи матлаб: 20 октябри 2015, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «درباره پژوهشگاه» (Дар бораи пажӯҳишгоҳ), Вебгоҳи Пажӯҳишгоҳи улум ва маорифи исломии Хотим-ун-Набийин(с), санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «زندگینامه آیت الله وحید خراسانی | آیتالله وحید خراسانی چند سال دارد؟» (Зиндагонии Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ | Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ чанд сол дорад?), Вебгоҳи Шиа Нюз, санаи дарҷи матлаб: 4 ноябри 2026, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «زندگینامه آیتالله العظمی وحید خراسانی» (Зиндагонии Оятуллоҳ-ул-Узмо Ваҳид Хуросонӣ), Вебгоҳи Муассисаи ҷаҳонии Сибтайн, санаи дарҷи матлаб: 26 ноябри 2009, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «زندگینامه حجت الاسلام والمسلمین سید محمدرضا مدرسی یزدی» (Зиндагонии Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва-л-Муслимин Сайид Муҳаммадризо Мударрисӣ Яздӣ), Вебгоҳи Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «سلوک مراجع/ سید محمد واعظ موسوی: حضرت آیتالله وحید خراسانی با عمل تأکید اخلاقی خود را نشان می دهند ...» (Сулӯки мароҷеъ/ Сайид Муҳаммад Воиз Мӯсавӣ: Ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ бо амал таъкиди ахлоқии худро нишон медиҳанд ...), Хабаргузории Шафақно, санаи дарҷи матлаб: 17 ноябри 2018, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «سلوک مراجع/ آیت الله علوی بروجردی: علم فقهی حضرت آیت الله وحید خراسانی جامع و قوی است ...» (Сулуки мароҷеъ/ Оятуллоҳ Алавии Буруҷердӣ: илми фиқҳии Ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ ҷомеъ ва қавӣ аст ...), Хабаргузории Шафақно, санаи дарҷи матлаб: 26 майи 2020, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- Сулаймония, Маҳдӣ, Пул то ҷазира: таамулотu ҷомеашинохтӣ дар мавқеи посоинқилоби рӯҳоният, Исфаҳон, нашри Ормо, 1397ҳ.ш.
- Шариф Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, Китобфурӯшии исломия, 1352ҳ.ш.
- Толибиён Шариф, Ҳасан, «وحید دوران» (Ваҳид Дурон), Шабакаи иҷтиҳод, санаи дарҷи матлаб: 27 апрели 2019, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «ماجرای تعطیل شدن روز شهادت حضرت زهرا» (Моҷарои таътил шудани рӯзи шаҳодати Ҳазрати Заҳро), Вебгоҳи Машриқнюз, санаи дарҷи матлаб: 23 апрели 2012, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «مؤسسه احیاء امر حضرت امیرالمؤمنین علیه السلام» (Муассисаи иҳёи амри Ҳазрати Амирулмуъминин алайҳис-салом), Пойгоҳи дафтари Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-Узмо Ваҳид Хуросонӣ, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «ناگفتههای تصویب تعطیلی سالروز شهادت حضرت زهرا» (Ногуфтаҳои тасвиби таътили солгарди шаҳодати Ҳазрати Заҳро), Вебгоҳи Шиа-нюз, санаи дарҷи матлаб: 23 апрели 2012, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «نگاهی به منش اجتماعی آیتالله وحید خراسانی» (Нигоҳе ба манши иҷтимоии Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ), Шабакаи иҷтиҳод, санаи дарҷи матлаб: 13 марти 2016, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «واکنش مراجع عظام تقلید به اکران فیلم رستاخیز» (Вокуниши мароҷеи изоми тақлид ба икронии филми Рустохез), Хабаргузории расмии Ҳавза, санаи дарҷи матлаб: 12 июли 2015, санаи боздид: 9 ноябри 2026.
- «هشدار و تهدید شدیداللحن آیتالله وحید خراسانی در مورد نمایش چهره حضرت ابوالفضل در سریال مختار» (Ҳушдор ва таҳдиди шадидул-лаҳни Оятуллоҳ Ваҳид Хуросонӣ дар мавриди намоиши чеҳраи Ҳазрати Абулфазл дар сериали Мухтор), Вебгоҳи ХабарОнлайн, санаи дарҷи матлаб: 4 декабри 2010, санаи боздид: 9 ноябри 2026.